<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>D</key>
<hymn_number>160</hymn_number>
<lyrics>[V1]
.Fism          G
 Масеҳо, эй фурӯғи мулки ҳастӣ!
.A                         Hm
  Зи Ту пайдо бувад болову пастӣ.
.Fism             G
 Зи фазлат ҷирми хокӣ ёфт тамкин,
.A                            Hm
  Фалак шуд аз кавокиб гавҳарогин.

[V2]
.                           A
 Рӯҳат дарди ҳама дилро даво кард,
.                          G
 Ба лутфу марҳаматҳо ошно кард.
.                 Em      Fism
 Ба лутфу марҳаматҳо ошно кард.
.Hm                        A
 Набурдем аз набудат файз доим,
.                           G
 Ба ҳастимон қиёмат кардӣ қоим.
.               Em          Fism
 Ба ҳастимон қиёмат кардӣ қоим.
.   A             Hm     Hm            Fism
 Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам!
.   A             Hm     A G Em        Fism
 Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам!

[V3]
 Чу моро хондаӣ андар муҳаббат,
 // Ба мо таълим додӣ рози ваҳдат. //
 Ба Рӯҳулқудс қалби мо барафроз,
 // Раҳи сулҳу вафодорӣ биёмӯз. //
 // Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам! //

[V4]
 Ба наздики Ту то бошем маҳбуб,
 // Зи нури Худ макун моро Ту маҳҷуб. //
 Фурӯ шӯй аз дили мо ҳар ҷаҳолат,
 // Қавӣ гардон дар имону адолат. //
 // Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам! //

[V5]
 Зи файзат дам ба дам то зинда бошем,
 // Ту дар мо, мо ба Ту поянда бошем. //
 Ҳамеша муттаҳид бошем дар ҷамъ,
 // Чу парвона ба гирди нури он шамъ. //
 // Масеҳ, эй Нури олам! Масеҳ, эй Фахри одам! //</lyrics>
<title>Масеҳо, эй фурӯғи мулки ҳастӣ! Хд160</title>
</song>